Cокини пойтахт барои ҷашни зодрӯзаш дар қаҳвахона 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сокини 25-солаи пойтахт Амирбек Исоевро барои зиёфати дӯстонаш дар қаҳвахона бо торт ба муносибати ҷашни зодрӯзаш ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Суд Исоевро дар риоя накардани моддаи 8-и қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҶТ» гунаҳкор донист, ки мутобиқи ин қонун шаҳрвандон зодрӯзашонро бояд дар доираи […]

ASIA-Plus



Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ сокини 25-солаи пойтахт Амирбек Исоевро барои зиёфати дӯстонаш дар қаҳвахона бо торт ба муносибати ҷашни зодрӯзаш ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Суд Исоевро дар риоя накардани моддаи 8-и қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҶТ» гунаҳкор донист, ки мутобиқи ин қонун шаҳрвандон зодрӯзашонро бояд дар доираи оилаашон ҷашн гиранд.

Парванда нисбати Исоеви бекорро прокуратура бар асоси нашри аксҳо аз ин ҷашн дар саҳифаи Facebook боз намуд. Дар ин аксҳо Исоеву дӯстонаш ва торт тасвир ёфтаанд. Дар ин нашр ӯ аз дӯстонаш барои иштирок дар ин ҷашн миннатдорӣ изҳор мекунад.

Дар мурофиаи судӣ Исоев изҳор намуд, ки ин воқеъа як тасодуфе буда, ӯву духтари шиносаш тортхарӣ рафтаанд ва сипас ба қаҳвахона даромада, дар он ҷо бо дӯстонашон вохӯрдаанд. Пешхизмате, ки ба онҳо хизмат расонида буд, низ тасдиқ кардааст, ки ба унвони судшаванда ҳеҷ табрикотеро нашунидааст.

Сарфи назар аз ин, суд нисбати соҳибҷашн ҳукми айбдорӣ содир намуда, ӯро ба пардохти ҷарима уҳдадор кард. Исоев изҳор доштааст, ки айни замон барои пардохти маблағи ҷарима имкон надорад ва аз болои ин қарори суд ба зинаҳои болоӣ шикоят бурданист.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.