Ба Бонки рушди Хитой маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон пешниҳод шуд

Дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Гурӯҳи кории Бонки Рушди Хитой дар ҳайати ҷанобон Фэн Же, Су Чунминг ва Ванг Шаонан бо муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов ҷиҳати баррасии як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо асосан масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи судманд, аз […]

ASIA-Plus



Дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии Гурӯҳи кории Бонки Рушди Хитой дар ҳайати ҷанобон Фэн Же, Су Чунминг ва Ванг Шаонан бо муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов ҷиҳати баррасии як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо асосан масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи судманд, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки рушди Хитой баррасӣ шуданд. Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Бонки рушди Хитой дар маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохторӣ, махсусан энергетикӣ саҳми худро гузорад. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки хизматрасон дар раванди дарёфт ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятнок барои маблағгузорӣ ба ҷониби Бонки Рушди Хитой кумак хоҳад кард.

Гуфта мешавад, аз ҷониби ҳайати Бонки рушди Хитой нисбати масъалаҳои баррасишуда ва ҳамкориҳои минбаъда бо Бонки миллии Тоҷикистон омодагӣ изҳор карда шуд. Аз ҷумла, намояндаи Бонки рушди Хитой таъкид намуд, ки ба мақсади рушди ҳамкориҳои минбаъда охири сентябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагии Бонки номбурда ҷиҳати пешниҳод намудани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки рушди Хитой ташриф меорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.