Ифтитоҳи бинои ҳавзи шиноварӣ дар Кӯлоб дар ҳузури президент

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои ҳавзи шиноварӣ бо 1800 ҷойи нишаст иштирок карда, бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти калони варзиширо ба истифода дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи лоиҳа, қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар бо кори доимӣ […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои ҳавзи шиноварӣ бо 1800 ҷойи нишаст иштирок карда, бо буридани лентаи рамзӣ ин иншооти калони варзиширо ба истифода дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи лоиҳа, қасри варзиши обӣ сеошёна буда, дар он 120 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дарозию паҳноии ҳавзи асосии шиноварии бино 50 ба 16 метр аст, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.

Дар асоси нақша ин иншоот аз ҷониби ҶДММ «Комил-2010» аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст.

Гуфта мешавад, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр Меҳмонхонаи Чанорро барои 100 ҷой ифтитоҳ намуд.

Сохтмони меҳмонхона аз ҷониби ҶДММ «Комил-2010» ба анҷом расида, бо тарҳи муосир бунёд шудааст. Барои бунёди таҷҳизонидани меҳмонхона беш аз 46 миллион сомонӣ сарф гардид. Бино бо таҳхона ва мансард аз 13 ошёна иборат мебошад.

Акнун баъди бунёди меҳмонхона зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ, ки бештари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар ошёнаи аввал як китобхона бо 7 ҳазор китоб мавҷуд аст. Дар қисми дигари ҳамин ошёна, хамчунин як маркази савдо ба истифода дода шуд.

Дар ошёнаи якум Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунари дӯзандагони моҳир, заргарон, ҳайкалтарошон, рассомон аз наздик шинос шуда, ба маҳорати онҳо баҳои баланд дод. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 68 нафар кӯдакони ятим тӯҳфаҳои пурарзиш, аз ҷумла сару либос тақдим кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.