Қ.Қосим: Баъзе муқаррароти Кодекси андоз ба такмил ниёз доранд

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон Қодири Қосим бар ин назар аст, ки то ҳол баъзе муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав ба такмил ниёз дорад. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодексҳои андоз, гумрук ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиии ҶТ, Қ. Қосим изҳор намуд, […]

ASIA-Plus



Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон Қодири Қосим бар ин назар аст, ки то ҳол баъзе муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав ба такмил ниёз дорад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодексҳои андоз, гумрук ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиии ҶТ, Қ. Қосим изҳор намуд, ки дар доираи Кодекси нави андоз барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд.

Ӯ таъкид дошт, ки мувофиқи Кодекси нави андоз, шумораи ҳисоботи андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам карда шуд.

Раиси Кумита хотиррасон намуд, ки дар асоси Кодекси андози ҶТ дар таҳрири нав номгӯи андозҳо аз 21 то 10 намуд кам карда шуда, аз 1 январи соли 2017 ба 9 намуд расонида мешавад.

Қ.Қосим ҳамчунин зикр кард, ки бо мақсади омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андоз дар назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ гурӯҳи кории доимоамалкунанда фаъолият намуда истодааст ва соҳибкорон низ метавонанд таклифу пешниҳодоти худро ба Комиссияи мазкур ба таври расмӣ пешниҳод намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.