Тасаллияти Шӯрои уламо ба наздикони фавтидагон дар амалҳои террористӣ



Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба наздикони фавтидагони мухофизони тартиботи ҷамъиятӣ бар асари амалҳои тррористии ахиран дар ҷумҳурӣ содиршуда ҳамдардӣ баён намуд.

Дар сомонаи расмии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки Шӯрои уламои ҷумҳурӣ аз ҳаводиси ғайричашмдошти рӯзҳои охир – ҳамлаи нохалафонаи гурӯҳи ҷинояткорон бо сарварии собиқ муовини вазири дифои мамлакат Абдуҳалим Назарзода (ҳоҷӣ Ҳалим) ба бинои марказии Вазорати мудофиаи кишвар ва бинои шуъбаи милисаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси ҳалокати якчанд нафар муҳофизони амнияту тартибот, кормандони дастаи таъиноти махсуси ВКД ва чанд нафар хизматчиёни дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидааст, хеле дар ташвишу изтироб буда, ба падару модарон, бародарону хоҳарон ва хешу ақрабои онҳое, ки наздиконашон ҷон ба каф гирифта, амну суботи моро ҳимояткунон ҷон супурданд, изҳори тасаллият намуда, аз Худованди азза ва ҷалл барояшон сабри ҷамил ва аҷри азим мехоҳанд.

«Мо мутмаинем, ки ин сарбозону афсарон, ки барои ҳимояи рӯзгори осоиштаи ҷомеи мусулмонӣ ва арзишҳои муқаддаси ватани азиз ҷони хеш нисор кардаанд, ба шаҳодат расидаанд ва номи неки онҳо аз лавҳи ёдҳову хотираҳо нахоҳад рафт. Ватан ва мардуми азизи кишвар ҳамеша муҳофизону тансипарҳои хешро гиромӣ хоҳад дошт, зеро ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар», – омадааст дар ин хабар.

spot_imgspot_img

Популярное