Тасаллияти Шӯрои уламо ба наздикони фавтидагон дар амалҳои террористӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба наздикони фавтидагони мухофизони тартиботи ҷамъиятӣ бар асари амалҳои тррористии ахиран дар ҷумҳурӣ содиршуда ҳамдардӣ баён намуд. Дар сомонаи расмии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки Шӯрои уламои ҷумҳурӣ аз ҳаводиси ғайричашмдошти рӯзҳои охир – ҳамлаи нохалафонаи гурӯҳи ҷинояткорон бо сарварии собиқ муовини вазири дифои […]

ASIA-Plus



Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба наздикони фавтидагони мухофизони тартиботи ҷамъиятӣ бар асари амалҳои тррористии ахиран дар ҷумҳурӣ содиршуда ҳамдардӣ баён намуд.

Дар сомонаи расмии Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки Шӯрои уламои ҷумҳурӣ аз ҳаводиси ғайричашмдошти рӯзҳои охир – ҳамлаи нохалафонаи гурӯҳи ҷинояткорон бо сарварии собиқ муовини вазири дифои мамлакат Абдуҳалим Назарзода (ҳоҷӣ Ҳалим) ба бинои марказии Вазорати мудофиаи кишвар ва бинои шуъбаи милисаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси ҳалокати якчанд нафар муҳофизони амнияту тартибот, кормандони дастаи таъиноти махсуси ВКД ва чанд нафар хизматчиёни дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардидааст, хеле дар ташвишу изтироб буда, ба падару модарон, бародарону хоҳарон ва хешу ақрабои онҳое, ки наздиконашон ҷон ба каф гирифта, амну суботи моро ҳимояткунон ҷон супурданд, изҳори тасаллият намуда, аз Худованди азза ва ҷалл барояшон сабри ҷамил ва аҷри азим мехоҳанд.

«Мо мутмаинем, ки ин сарбозону афсарон, ки барои ҳимояи рӯзгори осоиштаи ҷомеи мусулмонӣ ва арзишҳои муқаддаси ватани азиз ҷони хеш нисор кардаанд, ба шаҳодат расидаанд ва номи неки онҳо аз лавҳи ёдҳову хотираҳо нахоҳад рафт. Ватан ва мардуми азизи кишвар ҳамеша муҳофизону тансипарҳои хешро гиромӣ хоҳад дошт, зеро ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар», – омадааст дар ин хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.