Вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 15 сентябр дар шахри Душанбе доир мегардад, вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон гирдиҳам меоянд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Бино ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 14 сентябр дар Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки рӯзи 15 сентябр дар шахри Душанбе доир мегардад, вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмон гирдиҳам меоянд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 14 сентябр дар Душанбе ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони мудофиа ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД баргузор мешавад.

«Вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии давлатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви Созмон масоили ҳамоҳангсозии талошҳо баҳри таъмини амният ва масоили сиёсати хориҷиро баррасӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан таъкид шуд, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе асосан ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин вазъ дар Шарқи Наздик таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки дар нишасти Душанбе раёсат дар СААД аз Тоҷикистон ба Арманистон мегузарад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.