Тӯли 8 моҳ ба Тоҷикистон ба маблағи 24,5 млн. $ кумаки башардӯстона ворид шуд

Моҳи августи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1,8 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона расида, дар маҷмӯъ давоми 8 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 24,5 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардидааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии беш аз 10 ҳазор тонна […]

Пайрав Чоршанбиев



Моҳи августи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 1,8 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона расида, дар маҷмӯъ давоми 8 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 24,5 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардидааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии беш аз 10 ҳазор тонна аз 36 кишвари дунё ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Олмон – 34,7% рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҳаҷми умумии ин кумак ба Нидерланд – 13,7%, Дания – 8,2%, Аморати Муттаҳидаи Араб – 7,3%, Русия – 4,2%, Афғонистон ва Австрия – 3,8%-ӣ, Чин – 3,3%, Ҳиндустон – 3,1%, Латвия – 2,8%, Эрон – 2,2%, Кувайт – 2%, Фаронса – 1,7% ва Норвегия – 1,2% рост омада, боз 22 кишвари дигари дунё низ дар ин давра ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристодаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова