Воридоти мол ба Тоҷикистон беш аз 23% кам шуд

Дар муқоиса бо 8 моҳи ҳамин давраи соли гузашта давоми моҳҳои январ-августи соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон қариб 19% кам шуд. Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 766,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо 8 моҳи ҳамин давраи соли гузашта давоми моҳҳои январ-августи соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон қариб 19% кам шуд.

Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 766,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 642,3 млн. доллари ИМА камтар аст. Моҳи августи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ ҳамагӣ ба 340 млн.доллари ИМА баробар шудааст.

Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 1 млрд. 538,2 млн.доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ 614,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1,2% зиёдтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти мол ба 2 млрд. 152,5 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли гузашта 23,2% камтар аст.

Аз ҷумла ҳаҷми воридоти маҳсулоти минералӣ – қариб 30%, воситахои нақлиёт – 51%, маҳсулоти саноати кимиё – 21%, чӯб ва маснӯот аз он – 25% ва маҳсулоти тайёри ғизойӣ – 10% коҳиш ёфтааст.

Давоми 8 моҳи соли равон шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия (730 млн. $), Қазоқистон (453 млн. $) ва Чин (427 млн. $) дониста шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.