Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳисор ҳафтумин мактаби президентро ифтитоҳ намуд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ҳсуни оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармоишгари ин иншоот  – Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда, корҳои сохтмонӣ дар ин бинои боҳашамат моҳи майи соли 2014 оғоз гардида буданд. Барои […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти

мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат

ҳсуни оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармоишгари ин иншоот  – Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда, корҳои сохтмонӣ дар ин бинои боҳашамат моҳи майи соли 2014 оғоз гардида буданд. Барои бунёди мактаби президентӣ бо 640 ҷой беш аз 60 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Дар назди мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор 2 хобгоҳ барои 400 хонанда, 1 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 36 хона барои омӯзгорон, толору майдонҳои варзишӣ ва ҳамаи шароити дигари мувофиқ ба талаби замон бунёд шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки мактаби президентӣ аз як бинои се ошёнаи таълимӣ иборат буда, дорои 43 синфхонаю кабинетҳои фаннӣ, 7 озмоишгоҳ ва дигар шароити мусоиди дарсомӯзӣ мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ айни ҳол 50 нафар омӯзгори ботаҷриба тариқи озмун ба кор ҷалб гардидаанд.

Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор дорои тамоми шароити таълимӣ буда, бо навтарин таҷҳизот ва технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад. Тибқи супориши сарвари давлат ба ин муассисаи таълимӣ беҳтарин хонандагон тариқи озмун аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Турсунзода барои таҳсил қабул карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ин муассисаи муосири таълимӣ аз рӯи шаҳомат пас аз боргоҳҳои илму маърифат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Чкалов ва Бохтару Данғара ҳафтумин мактаби президентӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.