А.Зуев: Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон баланд боқӣ мемонад

Date:



Дар


мусоҳиба


ба Радиои СММ ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев изҳор доштааст, ки сарфи назар аз вазъи мусбати иқтисодӣ тайи солҳои ахир, бахусус давраи баъди ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистон ба ҳар ҳол кишваре боқӣ мемонад, ки дар он сатҳи камбизоатӣ ба қадрӣ кофӣ баланд аст.

Ӯ қайд кардааст, ки тӯли 10 соли ахир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 82% то ба 34% коҳиш ёфт, вале ба ҳар ҳол, ин нишондиҳанда ҳам баланд аст.

А.Зуев ҳамчунин муҳим будани рушди баробариии гендерӣ барои Тоҷикистонро таъкид дошта, зикр кардааст, ки «ин яке аз бахшҳоест, ки дар он иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола муяссар нагардид». «Дар соҳаи баробарии гендерӣ, бахусус иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷараёни қабули қарор дар ҳамаи сатҳҳо мушкилот боқӣ мемонад», – иброз доштаст ӯ.

Ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон бар ин назар аст, ки барои Тоҷикистон ҳадафҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ аҳамияти хеле муҳим доранд. «Мутаассифона, муддати 5-6 сол вазъ дар мавсими зимистон хеле душвор аст, бахусус дар деҳот, ки аксари аҳолӣ танҳо 2-3 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Ин албатта комилан ғайриқаноатбахш буда, аз ин рӯ, вазифаи мазкур ҳамчун афзалияти миллии рушд дар сатҳи давлатӣ ифода ёфта, ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола онро тақвият мебахшад», – гуфтааст Александр Зуев.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...