Семинар-тренинги дурӯзаи омузишӣ «Нақши хадамоти дипломатӣ ва консулгариҳо дар муқовимат ба савдои одамон», ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши 20 нафар кормандони сафорат ва консулгариҳо дар муқовимат ба савдои одамон таҳия гардидааст, имрӯз дар Душанбе оғоз ёфт.
Ҳадафи тренинг – кумак ба Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва консулгариҳо ҷиҳати кор карда баромадан ва иҷро намудани чораҳои зарурӣ оиди муқовимат ба савдои одамон ва ҳимояи қурбониёни савдои одамон дар хориҷи кишвар аст, ки он ҷо эҳтимоли ҳодисаҳои савдои одамон зиёдтар мегардад. Ҳамчунин иштирокчиён бо нақши Механизми миллии бозравонии қурбониёни савдои одамон барои кумак ба созмонҳои дахлдори ҳукумативу шаҳрвандӣ шиносоӣ пайдо менамоянд.
Семинар аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии таълимӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо маблағгузории Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида/ шӯъбаи давлатӣ оид ба мониторинг ва муқовимат ба савдои одамон (J/ TIP) ташкил шудааст.
Савдои одамон яке аз мусибатҳои ба инсоният хатарнок буда, дар мубориза зидди он нақши сафоратҳо, консулгариҳо ва хадамотҳои муҳоҷирати бурунмарзӣ махсусан муҳим аст, зеро онҳо дар кишварҳои қабулкунанда нуқтаи нахустини тамос байни мамлакат ва қурбониёни савдои одамон мебошанд. Таълими шахсони вазифадори ин сохторҳо барои омӯзиши малакаҳои зарурии ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дар самти мубориза бо савдои одамон фаъолияткунанда, барои муқовимати таъсирбахш зидди савдои одамон дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Иштирокчиёни семинар вазъи савдои одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории навини миллӣ ва воситаҳои байналмилалиро муҳокима карда, бо таҷрибаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон шинос шуданд. Коршиносони маҳаллии масоили савдои одамон нақши ҳайати дипломатӣ ва консулгариро дар муқовимат ба савдои одамон шарҳ дода, иштирокчиёнро бо равандҳои нав дар самти ҳифз, муайян ва бозгардонидани (репатриатсияи) қурбониёни савдои одамон пешниҳод менамоянд. Диққати махсус ба омӯзиши Механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон ва принсипҳои равонӣ ва ахлоқии ҳамкорӣ бо қурбониёни савдои одамон дода мешавад.
Илова бар ин, иштирокчиёни семинар аз таҷрибаи наву пешрафтаи ҳамкории байни идораҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ва ҳамчунин нақши СБМ ва СҒҲ дар кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ба қурбониён додани паногоҳҳо ва телефонҳои боварӣ, ки дар чорчӯбаи лоиҳаи муқовимат ба савдои одамон амалӣ мегардад, огоҳӣ меёбанд.


