Тавофуқи кишварҳои ИДМ оид ба ҳифзи муштараки марзи Тоҷикистону Афғонистон

– Сарони кишварҳои узви ИДМ имрӯз дар Қазоқистон оид ба имкони ташкили нерӯҳои муштарак барои ҳифзи марзҳои кишварҳои узви Иттиҳод дар сурати ба вуҷуд омадани вазъи буҳронӣ ба мувофиқа расиданд, – хабар медиҳад хадамоти русии хабаргузории Би-Би-Си. Дар гуфтушунидҳо дар осоишгоҳи Бурабай, 250 километрии Остона сарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва […]

ASIA-Plus



– Сарони кишварҳои узви ИДМ имрӯз дар Қазоқистон оид ба имкони ташкили нерӯҳои муштарак барои ҳифзи марзҳои кишварҳои узви Иттиҳод дар сурати ба вуҷуд омадани вазъи буҳронӣ ба мувофиқа расиданд, –


хабар медиҳад


хадамоти русии хабаргузории Би-Би-Си.

Дар гуфтушунидҳо дар осоишгоҳи Бурабай, 250 километрии Остона сарони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд.

Дар ин нишаст Молдоваро муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар, Туркманистонро муовини нахуствазир ва Украинаро кордори муваққатии Украина дар Қазоқистон намояндагӣ карданд.

Яке аз масъалаҳои асосии баррасишуда дар нишаст вазъи Афғонистон буд, ки президенти Русия Владимир Путин онро наздик ба мушкилу хеле хатарнок номид.

«Гурӯҳҳои террористии гуногун ҳарчи бештар нуфуз пайдо карда, нақшаҳои минбаъдаи ғасбгаронаашонро пинҳон ҳам намедоранд. Яке аз ҳадафҳои онҳо ворид шудан ба минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Барои мо омода будан ба вокуниш ба чунин сенария зарур аст», – гуфт ӯ дар ҷаласаи Шӯро.

Ба гуфтаи Путин, ба ин барномаи нави ҳамкорӣ дар таҳкими амнияти марз барои солҳои 2016-2020 низ мусоидат мекунад. «Дар барнома имкони ташкили гурӯҳи марзбонон ва дигар мақомот барои танзими вазъҳои буҳронӣ дар сарҳадҳои беруна пешбинӣ шудааст», – иброз дошт президенти Русия.

Бино ба маълумоти

Интерфакс

, сарони кишварҳои узви ИДМ дар маҷмӯъ 16 санад, аз ҷумла изҳорот дар бораи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва Консепсияи ҳамкории низомӣ то соли 2020-ро ба имзо расониданд.

Нашрияи «Независимая газета

менависад

, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар брифинги муштарак бо президенти Русия Владимир Путин дар робита ба вазъ дар марзи Афғонистону Туркманистон нигаронӣ изҳор намуд, ки ин ба норозигии дипломатҳои туркман боис гардид.

Дипломатҳои туркмани дар нишаст ҳузурдошта эътироз баён намуда, изҳор доштанд, ки гуфтаҳои ҷониби Қазоқистон дар бораи вазъ дар марзи Туркманистону Афғонистон асоси воқеӣ надоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.