Рӯзи маърифату фарҳанг дар маҳбаси занонаи Норак

Ҳуқуқ ба таҳсил ҳуқуқи конститутсионии ҳар як инсон ба шумор меравад. Нисбат ба маҳкумшудагон тартиби амалишавии ин ҳуқуқ хусусиятҳои худро дорост. Ҳуқуқ ба таҳсил бо баъзе маҳдудиятҳои аз ҷониби қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муайяншуда, бояд ҳамчун имконияти истифодаи манфиатҳои соҳаи маориф аз тарафи ҳар як маҳкумшуда дида шавад. Гирифтани маълумоти умумӣ ва тайёрии касбӣ на […]

ASIA-Plus



Ҳуқуқ ба таҳсил ҳуқуқи конститутсионии ҳар як инсон ба шумор меравад. Нисбат ба маҳкумшудагон тартиби амалишавии ин ҳуқуқ хусусиятҳои худро дорост. Ҳуқуқ ба таҳсил бо баъзе маҳдудиятҳои аз ҷониби қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муайяншуда, бояд ҳамчун имконияти истифодаи манфиатҳои соҳаи маориф аз тарафи ҳар як маҳкумшуда дида шавад. Гирифтани маълумоти умумӣ ва тайёрии касбӣ на танҳо яке аз усулҳои асосии ислоҳи маҳкумшудагон ба ҳисоб меравад, балки имкони васеъ намудани мутобиқшавиашон ба ҳаёти иҷтимоӣ баъди озодшавӣ аст. Зеро онҳо бояд донишу малакаи муайяне дошта бошанд, ки тавонанд дар ҷомеа ҳаёти мукаммал баранд.

Мақсади асосии Рўзи маърифату фарҳанг дар Муассисаи ислоҳии занонаи ш. Норак шиносоии доираи васеи ҷомеа бо натиҷаҳои фаъолият оид ба ҳамкории сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва саҳмгузорони байналмилалӣ дар ҷараёни омодасозии занон ба озодӣ иборат буд. Омодасозӣ тариқи баландбардории сатҳи муаллимон ва устодони омўзиши касбӣ, рушди заминаи молӣ-техникӣ барои таълимоти касбӣ дар муассисаи ислоҳии занона ва ташкили омўзиши касбии занони маҳкумшуда ба ихтисосҳое, ки бозори меҳнат ба онҳо эҳтиёҷ дорад, ба роҳ монда шуда буд.

Шарикони маҳаллӣ, маъмурияти муассисаи ислоҳии занона ва иштироккунандагони аз ҳама фаъоли лоиҳа «Рўзи маърифату фарҳанг»-ро ташкил карданд. Мақсад аз он намоиш додани дастовардҳои лоиҳа, муваффақиятҳои занони маҳкумгашта дар самти дигар шудани муносибат, аз худ кардани донишу малака ва баланд гардидани худбаҳодиҳии занон баъди анҷоми барномаҳои таълимӣ буд.

Дар доираи ин ҷамъомад озмунҳои гуногун, аз ҷумла озмуни плакатҳо зери шиори «Таҳсилот дар ҳаёти ман», нишон додани малакаи хатмкунандагони курсҳои касбӣ тариқи намоиши намунаи либосҳо ва ороиши мўйсар гузаронида шуданд. Ба иштирокчиёни фаъоли лоиҳа шаҳодатномаҳо супурда шуда, экскурсия барои тамошои синфхонаҳои таъмирёфтаву таҷҳизонидашуда ва нуқтаҳои истеҳсолии барқароршуда ташкил карда шуд.

Дар ҷамъомад ба ҳайси меҳмонон намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» гузаронда шудааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва ТҶ «Ҷаҳон» амалӣ мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.