Ҳамдарии ВКХ Русия ба волидони Умаралӣ Назаров

Дар шаҳри Маскав брифинги намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова доир гардид, ки дар он ӯ роҷеъ ба ҳодисаи марги тифли тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург низ изҳори назар кард. «Пеш аз ҳама мехоҳам аз номи Вазорати корҳои хориҷӣ ва аз ҳамаи мо шахсан ба волидони Умаралии хурдсол ва тамоми хешону наздикони ӯ дар […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Маскав брифинги намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова доир гардид, ки дар он ӯ роҷеъ ба ҳодисаи марги тифли тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург низ изҳори назар кард.

«Пеш аз ҳама мехоҳам аз номи Вазорати корҳои хориҷӣ ва аз ҳамаи мо шахсан ба волидони Умаралии хурдсол ва тамоми хешону наздикони ӯ дар робита ба ин мусибат ҳамдардии амиқ изҳор намоям», – гуфт Захарова дар посух ба саволҳои журналистон.

Ба гуфтаи ӯ, чун ин хабари нохуш даррасид, Вазорати корҳои хориҷии Русия ҷиҳати рӯшану возеҳ сохтани ҳолатҳои ҳодисаи рухдода ба ҳамаи мақомоти салоҳиятдор муроҷиат намуд.

Захарова ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар шуъбаи тафтишоти ноҳияи Невскии Сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербруг рӯзи 20 октябр таҳти №387641 аз рӯи аломатҳои ҷинояти пешбинишуда дар қ. 2, моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Ин ҷо сари масъалаи то ба марг расонидан аз беэҳтиётӣ дар натиҷаи аз ҷониби шахс ба таври бояду шояд иҷро нашудани уҳдадориҳои касбиаш сухан меравад. Ҷараён ва натиҷаҳои тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур таҳти назорати мақомоти прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад. Ҳамзамон раҳбарияти Хадамоти федералии муҳоҷират, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустӣ низ оид амалҳои кормандони худ санҷиши дақиқ гузаронида истодаанд. Мо аз ҷониби худ бо ҳамаи мақомоти ҷалбшуда ба ин қазия робитаи доимӣ дошта, шуморо итминон доданиам, ки тафтиш ва санҷишҳои дахлдор фаврӣ, ошкор ва дақиқона сурат мегиранд. Сухан сари фоҷеаи бузурги инсонӣ меравад», – афзудааст намояндаи расмии ВКХ Русия.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.