Исфара: Дарёфти ҷасади духтар бо аломатҳои марги маҷбурӣ

Дар шаҳри Исфара ҷасади як духтар бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд. Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки субҳи рӯзи 20 октябр дар дохили бинои сохтмонаш нотамом дар ҷамоати Лаккони шаҳри Исфара ҷасади духтари 25-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуда, ӯро бо миёнбанд […]

Мавлуда Рофиева



Дар шаҳри Исфара ҷасади як духтар бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуд.

Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки субҳи рӯзи 20 октябр дар дохили бинои сохтмонаш нотамом дар ҷамоати Лаккони шаҳри Исфара ҷасади духтари 25-сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуда, ӯро бо миёнбанд аз халаташ буғӣ карда куштаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи «изҳои гарм» ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 29-солаи маҳаллӣ Ҷ.А. боздошт шуда, муайян карда шудааст, ки ӯ дар заминаи хусумати шахсӣ ба ин амал даст задааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.