Ёвону Хуан Шии Чин бародаршаҳр мешаванд

Мири шаҳри Хуан Ши-и Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Денг Син Хуа ва ҳайати гурӯҳи кории маъмурият ва соҳибкорони шаҳри мазкур ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва бародаршаҳр эълон намудани ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо шаҳри Хуан Шии Ҷумҳурии мардумии Чин ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд. Тавре аз дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, бо […]

ASIA-Plus



Мири шаҳри Хуан Ши-и Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Денг Син Хуа ва ҳайати гурӯҳи кории маъмурият ва соҳибкорони шаҳри мазкур ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва бародаршаҳр эълон намудани ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо шаҳри Хуан Шии Ҷумҳурии мардумии Чин ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.

Тавре аз дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, бо ҳамин мақсад дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ва мири шаҳри Хуан Ши Денг Син Хуа бо иштироки ҳайатҳои расмии тарафҳо оиди ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки саҳмдори корхонаи сементбарории «Хуаксин Ғаюр семент» аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин корхонаи «Хуаксин» мебошад, ки дар шаҳри Хуан Ши-и музофоти Хубэй фаъолият мекунад.

Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки баъди ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, илму техника ва фарҳанг дар байни ноҳияи Ёвон ва шаҳри Хуанг Ши муносибатҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ намоянд.

Дар ин вохӯрӣ соҳибкорони ноҳияи Ёвон низ ширкат варзида, изҳор намуданд, ки ҳамкориҳои банақшагирифташуда барои таҳкими иқтисодии тарафҳо мусоидати фаъол хоҳад дошт.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон имрӯз соҳибкорони ноҳияи Ёвон бо чандин ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамоянд, ки дар миёни онҳо ширкатҳои чиноӣ мавқеи хоса доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.