Иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар Душанбе



Шоми рӯзи 3 ноябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба иҷро расид. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст тамоми ноҳияҳои пойтахт нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пеш аз муҳлат ба иҷро расониданд.

Зимнан зикр гардид, ки иҷрои пеш аз муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ гувоҳи он аст, ки корҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар шаҳр мутобиқи дастурҳои президенти Тоҷикистон ва ба таври бояду шояд ба роҳ монда шудаанд.

Мебояд гуфт, то дирӯз сатҳи иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 90%-ро ташкил дода, Вазорати мудофиа ният дорад, ки маъракаи даъватро пеш аз муҳлат, яъне то 10 ноябр ба итмом расонад.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи фармони президенти кишвар, маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз гардида, 30 ноябри соли равон ба итмом мерасад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст. 

spot_imgspot_img

Популярное