Густариши доираи фаъолияти лоиҳаи «Шаҳри бехатар»

Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистонро дастгирӣ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Искандар Солеҳзода қайд кард, ки тағйироту иловаи мазкур ба густариши майдони фаъолияти лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар Душанбе нигаронида шудааст. […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистонро дастгирӣ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Искандар Солеҳзода қайд кард, ки тағйироту иловаи мазкур ба густариши майдони фаъолияти лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар Душанбе нигаронида шудааст.

«Дар Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт барои шаҳри Душанбе ё худ лоиҳаи «Шаҳри бехатар» воситаҳои махсуси техникӣ ҳамарӯза аз 1300 то 1500 далелҳои қонуншикании ҳаракат дар роҳро сабт мекунанд ва аз ин миқдор танҳо нисбати 500-600 нафар қонуншиканон чораҳои маъмурӣ андешида мешаванд. Барои боқимонда бошад, мо на вақту на қувва дорем», – гуфт муовини вазири корҳои дохилӣ.

Ӯ таъкид дошт, ки барои андешидани чораҳои маъмурӣ нисбати қонуншиканони ҳаракат дар роҳ, тибқи қонун то се моҳ муҳлат муқаррар шудааст, ки нокофист ва дар ин робита тасмим гирифта шудааст, ки мувофиқи тағйироту илова ин муҳлат то шаш моҳ дароз карда шавад.

Ғайр аз ин, мутобиқи тағйироту иловаи имрӯз қабулшуда, барои баргузор намудани муоинаи техникии ҳатмии ҳамасолаи ҳама гуна навъи автомобилҳо санаи дақиқ муқаррар шуд. Масалан, қаблан муоинаи техникии воситаи нақлиётро дар ҳама гуна вақт давоми сол гузаронидан имкон дошт. Бо қабули тағйироту илова сана бештар дақиқ мешавад, яъне соҳиби автомашина муоинаи техникии воситаи нақилиёташро бояд маҳз дар ҳамон санаи соли гузашта баргузоркардааш доир намояд.

Ҳамчунин тибқи тағйироту иловаи қабулшуда, минбаъд ба тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳаракат тариқи хатҳои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, ки дар роҳҳои Душанбе бо ҳарфи калони «А» ишора шудаанд, манъ карда мешавад. Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, ки хатсайрҳои ҳаракати худро иваз мекунанд, низ ҷаримабандӣ мешаванд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, минбаъд дар маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон аз соати 23-и шаб то 5-и субҳ кори техникаи сохтмонӣ, ки садову бонги баланд дорад, низ манъ карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.