Эҳёи истеҳсоли маҳсулот аз фарфор ва керамика дар Тоҷикистон

Баъди таваққуфи қариб ҳафтсола истеҳсоли маҳсулот аз фарфор (фахфур) ва керамика (сафол) дар Тоҷикистон барқарор карда шуд. Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҶДММ «Вежа» дар заминаи собиқ ҶСП «Фарфор» корхонаи истеҳсоли маҳсулот аз фарфор ва керамика бунёд кардааст. Айни замон дар ин корхона навъҳои гуногуни […]

ASIA-Plus



Баъди таваққуфи қариб ҳафтсола истеҳсоли маҳсулот аз фарфор (фахфур) ва керамика (сафол) дар Тоҷикистон барқарор карда шуд.

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҶДММ «Вежа» дар заминаи собиқ ҶСП «Фарфор» корхонаи истеҳсоли маҳсулот аз фарфор ва керамика бунёд кардааст.

Айни замон дар ин корхона навъҳои гуногуни хишти сохтмонӣ, зарфҳои ҳархела аз фарфор ва керамика, туҳфаҳо ва ҳамчунин изолятори барқӣ истеҳсол мешавад.

Дар Вазорати саноат бар ин назаранд, ки пас аз пурра барқарор шудани фаъолияти ин корхона, иқтидори истеҳсолии он 300 ҳазор адад маҳсулот дар як солро ташкил хоҳад дод.

Корхона бо таҷҳизоти нави истеҳсоли Чин муҷаҳҳаз буда, барои харидани он 100 ҳазор доллари ИМА маблағ масраф шудааст.

Қариб 70%-и ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот дар дохили ҷумҳурӣ мавҷуд буда, танҳо 30%-и он (каолин) аз Ӯзбекистон ва Украина оварда мешавад. Дар оянда корхона ният дорад, ки пурра ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ гузарад.

Дар Вазорат хотиррасон намуданд, ки соли 2008 бинобар сабаби камбуди гази табиӣ, ки ба сифати сӯзишворӣ барои истеҳсоли маҳсулот истифода мешуд, ҶСП «Фарфор» аз фаъолият бозмонд. Айни замон корхонаи барқароршуда ба сифати сӯзишворӣ аз ангишти маҳаллии кони «Фон-Яғноб» истифода мекунад. Феълан корхона ҳудуди 170 нафарро ба шуғли доимӣ фаро гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.