Гузаштҳои дуҷониба миёни идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон

Идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҷорӣ кардани як қатор тахфифҳо ба ҳамлу нақли баъзе борҳо тариқи қитъаҳои роҳи оҳани ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар натиҷаи музокирот аз ҷониби ҶС “Ӯзбекистон термин йуллар”-и Ӯзбекистон тарифҳо барои транзити маҳсулоти нафтӣ, хокаи алюминий ва  алюминий дар қитъаҳои […]

ASIA-Plus



Идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҷорӣ кардани як қатор тахфифҳо ба ҳамлу нақли баъзе борҳо тариқи қитъаҳои роҳи оҳани ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар натиҷаи музокирот аз ҷониби ҶС “Ӯзбекистон термин йуллар”-и Ӯзбекистон тарифҳо барои транзити маҳсулоти нафтӣ, хокаи алюминий ва  алюминий дар қитъаҳои роҳи оҳани Кудукли-Келес ва Кудукли-Қарақалпокистонро коҳиш дода шуданд. Инчунин то давраи 31 декабри соли равон ба ҳамлу нақли ин гуна борҳо тариқи қитъаи роҳи оҳани Болдир-Кудукли тахфифҳо пешниҳод шуданд.

Ба иттилои манбаъ, то ин замон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ба транзити борҳои Ӯзбекистон тариқи қитъаи роҳи оҳани Спитамен – Истиқлол тахфифҳо пешниҳод намуд. «Пешниҳоди тахфифҳо ба рушди ҳамлу нақли борҳо байни ду кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард», – қайд мешавад дар хабар.

Қобили зикр аст, ки тайи 5 соли ахир дар Тоҷикистон ҳаҷми ҳамлу нақли борҳо тариқи роҳи оҳан беш аз ду баробар коҳиш ёфт. Соли 2014 роҳиоҳанчиёни тоҷик ҳамлу нақли ҳудуди 6 млн. 808 ҳазор тонна борҳои гуногунро таъмин намуданд, ки нисбат ба соли 2009 қариб 8 млн. тонна камтар аст. Сабаби инро Тоҷикистон монеъагузориҳо аз ҷониби Ӯзбекистон унвон карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.