Боздошти парвози ҳавопаймоҳои Asia Airways пас аз суқути ҳавопаймо дар Судон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз рӯзи 4 ноябр парвози ҳавопаймоҳои ширкати хусусии ҳавопаймоии тоҷикистонии Asia Airways-ро мутаваққиф сохт, ки ба ҳамлу нақли бор машғул аст. Сардори департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз ба садама дучор гардидани ҳавопаймои навъи АН-12 дар Судони Ҷанубӣ, Хадамоти давлатии […]

ASIA-Plus



Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз рӯзи 4 ноябр парвози ҳавопаймоҳои ширкати хусусии ҳавопаймоии тоҷикистонии Asia Airways-ро мутаваққиф сохт, ки ба ҳамлу нақли бор машғул аст.

Сардори департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз ба садама дучор гардидани ҳавопаймои навъи АН-12 дар Судони Ҷанубӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатро боздоштааст.

Ба қавли ӯ, айни замон ҳукуматдорони Судон мувофиқи талаботи байнулмилалии Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ба таҳқиқи сабабҳои ба садама дучор шудани ҳавопаймо шурӯъ кардаанд. Судон аз соли 2011 узви ин созмон мебошад.

Юсуф Раҳмонов қайд кард, ки дар бораи фаъолияти минбаъдаи ширкат баъди анҷоми тафтишот тасмим гирифта мешавад. Тоҷикистон низ дигар ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба ширкати Asia Airways-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҳамсуҳбат, ҳавопаймои мавриди садама қароргирифта дарвоқеъ ҳам дар рӯйхати ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии Asia Airways қарор дорад, аммо ҷониби Тоҷикистон онро ба моликияти ширкати ҳавопаймоии Ala International LTD-и Аморати Мутатҳидаи Араб супурдааст.

«Ҳавопаймо дар рӯйхати Asia Airways вуҷуд дорад, лекин мутобиқи қарордод, ба сифати фаъолият ва ҳолати худи ҳавопаймо истифодабаранда ва молики он ҷавобгӯ аст, – гуфт Ю.Раҳмонов. – Вале чун ҳавопаймо то ҳол дар рӯйхати мо қарор дорад, тасмим гирифта шуд, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати Asia Airways боздошта шавад».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 ноябр дар Судони Ҷанубӣ ҳавопаймои навъи Ан-12-и истеҳсоли шӯравӣ бо сарнишинони русиягиву арманӣ

ба садама дучор гардида

, тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари он зиёда аз 40 нафар ҷон бохтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.