Боздошти 2 тоҷикистонӣ дар Туркия зимни кӯшиши пайвастан ба Давлати исломӣ



Миёни афроди боздоштшуда дар Туркия, ки ба созмони террористии Daesh (Давлати исломӣ) пайвастанӣ буданд, ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.

Хабаргузории

Anadolu

дар ин робита менависад, дар музофоати Адана дар ҷануби кишвар мақомоти пулиси Туркия 38 шаҳрванди хориҷиро барои нияти ҳамроҳшавӣ ба созмони террористии Daesh боздошт намудааст.

Афроди боздоштшуда шаҳрвандони 7 кишвари хориҷӣ будаанд: 14 нафар шаҳрванди Озарбойҷон, 7 нафар – шаҳрванди Индонезия, 5 нафарӣ – шаҳрвандони Ироқ ва Қирғизистон, 3 нафар – шаҳрванди Эрон ва 2 нафарӣ – шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон.

Миёни боздоштшудагон 10 нафарашон занон ва 15 нафарашон кӯдакон будаанд. Ба гумони даст доштан дар кӯшиши ба қаламрави Сурияи таҳти назорати Давлати исломӣ қарордошта интиқол додани шаҳрвандони хориҷӣ 2 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз анҷоми расмиёти зурурӣ боздоштшудагон ҷиҳати истирдоди минбаъда ба ихтиёри хадамоти муҳоҷират супурда шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное