Боздиди раиси Хуҷанд аз корхонаҳои саноатии шаҳр

Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз ҳолати имрӯза ва фаъолияти коргоҳи «САТН» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба коргоҳи номбурда омад. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, махсулоти ин коргоҳ пурра аз пахта буда, фаъолияти коргоҳ шурӯъ аз коркарди пахта, омода намудани ришта  то маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуда аст. Раиси шаҳри […]

ASIA-Plus



Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз ҳолати имрӯза ва фаъолияти коргоҳи «САТН» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба коргоҳи номбурда омад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, махсулоти ин коргоҳ пурра аз пахта буда, фаъолияти коргоҳ шурӯъ аз коркарди пахта, омода намудани ришта  то маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуда аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо роҳбарияти коргоҳи мазкур зикр намуд, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатӣ бояд ашёи хомро дар дохили кишвар коркард намуда, барои таъмини талаботи истеҳсолкунандагони ватанӣ фаъолият баранд.

Айни замон дар ЧДММ «САТН» 540 нафар кормандону мутахассисон дар се баст фаъолят намуда, музди маоши миёнаи онхо 1300 сомониро ташкил медихад. Ҳаҷми истеҳсолии маҳсулоти тайёр дар корхонаи номбурда дар як руз 4,5 хазор дона либосро ташкил медиҳад. Ҳоло 95 фоиз маҳсулоти тайёр ба кишвархои Аврупо содир мегардад. Боиси зикр аст, ки корхонаи мазкур ба талаботи харидорон ва бозори имрӯза мувофиқ гашта, аз оғози фаъолияти худ, аз соли 2004 фаъолияти бомаром дорад.

Раиси шаҳри Хучанд Рачаббой Ахмадзода ба масъулин супориш дод, ки  барои фурӯши маҳсулоти тайёр дар назди бинои корхона ва маркази шаҳр мағозаи махсус бунёд карда шуда, молу маҳсулоти ҶДММ «САТН» ба фурӯш гузошта шавад. Барои пешниҳоди лоиҳаи мағозаи коргоҳ Раҷаббой Аҳмадзодв дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар сурати амалӣ гаштани ин пешниҳод маҳсулоти коргоҳ аз қабили шим, курта, костюми занона, мардона ва кӯдакона ба харидорон бо нархҳои аз 30 то 60 сомонӣ пешкаш карда мешавад.

Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода ба Маркази таълимии истеҳсолии «ВЕТ-Точ» рафта, аз фаъолияти он ошно гардид. Дар марказ ҳунармандон ба бофтани матои адрас ва адрас аз нахи пахтагӣ ва абрешимӣ машғул буда, нусхаҳои қадимаи ин матоҳоро барқарор менамоянд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба косибон дастур дод, ки барои бештар намудани теъдоди шогирдон аз ҳисоби занҳои хонашини маҳаллӣ чораҳо андешанд. Маблағгузории таълимоти муҳассилинро бошад, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба зимма мегирад.

Раиси шаҳри Хуҷанд нисбати фаъолияти имрӯзаи корхонаи «ВТ-Силк» изҳори нигаронӣ намуд. Коргоҳи номбурда баъди ба охирррасии ашёи хоми худ – пилла фаъолияти худро маҳдуд намудааст. То мавсими нави вориди ин намуди ашёи хом моҳи майи соли оянда ҳаҷми истеҳсолӣ паст хоҳад буд. Раиси шаҳр ба бахши сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки бобати дар корхонаи мазкур зиёд намудани ҳаҷми коркарди ашёи хоми ватанӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар баробари ин таъкид гардид, ки фаъолияту ҳамкории  манфиатовари корхонаи «ВТ-Силк» ва Иттиҳодияи истеҳсолии «Хуҷандатлас»-ро баррасӣ намуда, лоиҳаи фаъолияти муштарак ва эҳёи комили корхонаҳои мазкурро мавриди таҳлил ва бозомӯзӣ қарор диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.