Сомонаҳои паҳнкунандаи иттилоот дар бораи террористонро мебанданд

Дар Конфронси дуюми байнулмилалӣ таҳти унвони  «Телекоммуникатсияҳо, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» дар Душанбе муовини сардори Раёсати назорати Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷонибек Додоматов изҳор дошт, ки «агар дар сомонаҳои иттилоотӣ маълумоти мамнӯъ ба нашр расад, мо албатта дастрасӣ ба онҳоро қатъ мекунем». «Вақте дастрасӣ ба сомонаҳо бо қарори […]



Дар Конфронси дуюми байнулмилалӣ таҳти унвони  «Телекоммуникатсияҳо, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» дар Душанбе муовини сардори Раёсати назорати Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷонибек Додоматов изҳор дошт, ки «агар дар сомонаҳои иттилоотӣ маълумоти мамнӯъ ба нашр расад, мо албатта дастрасӣ ба онҳоро қатъ мекунем».

«Вақте дастрасӣ ба сомонаҳо бо қарори Суди олӣ сурат мегирад, чӣ гуна мо метавонем бигӯем, ки ин фишор ба озодии баён аст?Агар дар сомонаҳои иттилоотӣ маълумоти мамнӯъ ба нашр расад, мо албатта дастрасӣ ба онҳоро қатъ мекунем», – қайд кард ӯ.

Ба саволи ҳозирин дар бораи чӣ гуна сурат гирифтани ҷараёни пайгирӣ (мониторинг)-и сомонаҳо Ҷ.Додоматов зикр кард, ки сохторҳои дахлдор дар симои Суди олӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд, ки кадоме аз маълумоти интишоршуда ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон хатар эҷод карда метавонад ва ҳамчунин сомонаҳое, ки оид ба торнамоҳои террористӣ ё ифротгаро маълумот чоп мекунанд, низ баста мешаванд.

«Ман бояд таъкид созам, ки вақте Суди олии Тоҷикистон кадоме аз созмонҳоро ифротгаро ё террористӣ эълон мекунаду қисмати ниҳоии қарори суд чандин маротиба тариқи шабакаҳои давлатии телевизион ба самъи аҳолӣ расонида мешавад, ба бори дигар супориш додан ба ширкатҳои фароҳамсози интернет ҷиҳати бастани онҳо зарурате намемонад, вале баъзан онҳо дастрасӣ ба сомонаҳои ин созмонҳоро қатъ намекунанд ва моро лозим меояд, ки ба онҳо огоҳинома фиристем», – қайд кард Додоматов.

Ба гуфтаи ӯ, баъзе сомонаҳо бо истинод ба торнамоҳои ифротгаро мавод ба нашр мерасонанд ва Хадамоти алоқа маҷбур мешавад, ки дастрасӣ ба ин сомонаҳоро қатъ созад. «Айни замон танзимгари миллии алоқа ба бастани танҳо як саҳифаи сомона имкони техникӣ надорад. Умедворем, ки минбаъд имконоти техникии мо беҳтар мешавад», – зикр кард номбурда.

Ҳамчунин Ҷонибек Додматов қайд кард, ки бо шабакаҳои иҷтимоие чун «Одноклассники» ҳамкорӣ роҳандозӣ шудааст, ки бо муроҷиати расмии Хадамоти алоқа онҳо ин ё он саҳифаи дорои маълумоти ифротгароиро хориҷ мекунанд. «Агар минбаъд низ ҳамкории пурсамар идома ёбад ва онҳо бо дархости мо саҳифаҳои мамнӯъро хориҷ кунанд, моро лозим намеояд, ки дастрасӣ ба кулли маводи сомонаро қатъ созем», – иброз дошт корманди Хадамоти алоқа.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати сомонаҳое нашр шудааст , ки бояд дастрасӣ ба онҳо қатъ бошад.

Дар ҳамин ҳол, Telia Sonera, ки ба бастаи назоратии саҳмияҳои ширкати Tcell дар Тоҷикистон соҳиб аст, эътироф намуд, ки дар Тоҷикистон онҳоро ба бастани сомонаҳои интернетӣ маҷбур мекунанд.

Ҳамин тариқ, Telia Sonera таъкид месозад, ки рӯзи 2 ноябр ба ширкати Tcell дастур дода шудааст, ки дастрасӣ ба сомонаҳои vk.com, facebook.com, odnoklassniki.ru ва ok.ru ба муҳлати номуайян қатъ карда шавад. «Дар сиёсати Telia Sonera иштирок ё дахолат накардан ба сиёсати кишврҳое пешбинӣ шудааст, ки мо дар онҳо фаъолият дорем. Зимни муаррифии ширкатамон мо масоили сиёсиро шарҳу тавзеҳ надода, изҳороти сиёсӣ низ баён намедорем. Бо вуҷуди ин, Telia Sonera бо дархости ҳукуматдорон ба муколама ҷалб шуда, ин ба тиҷорат ва мизоҷони мо, ки ҳуқуқи моликият доранд, таъсир мерасонад», – таъкид мекунанд дар ширкат.

Қобили зикр аст, ки конфросни дар боло зикршуда аз ҷониби Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ созмон дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.