Чанде аз сокинони Кӯлоб ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки дар бораи аз шаҳр берун баровардани қисмҳои ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба дасташон огоҳинома расидааст.
«Шуморо огоҳ мекунем, ки дар робита ба дастури Ҳавзаи марказии низомӣ аз 15 октябри соли 2015, тағйири макони будубоши қисми ҳарбӣ гузаронида мешавад. Тағйири мавзеъ кардани қисми ҳарбӣ бо ба итмом расидани ду моҳ аз замони ба Шумо супурдани огоҳиномаи мазкур сурат мегирад”» – қайд мешавад дар огоҳиномаи ба дасти сокинони шаҳри Кӯлоб расида, ки бо фаъолияти қисми низомии пойгоҳи низомии 201-уми дар шаҳр қарордошта муносибат доранд.
Ин санад тамоми аҳолии шаҳри Кӯлобро ба ҷунбишу изтироб ва ҳаяҷон овард, зеро муддати солҳои тӯлонии будубоши ин воҳиди низомии русиягӣ миёни он ва аҳолӣ робитаҳои зич ба миён омада, тавре маълум шуд, онҳо ин робитаҳоро аз даст доданӣ нестанд.
Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ва ошкор намудани ҷузъиёти дигари казияи мазкур хабарнигорони «Азия-Плюс» ба шаҳри Кӯлоб раҳсипор шуданд.
Тафсилоти масъала дар шумораи навбатии газетаи «Азия-Плюс» ба нашр мерасад.





