Зимни таҳияи буҷет беморони касалии қандро фаромӯш карданд

Зимни таҳияи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016 беморони касалӣ (диабет)-и қандро фаромӯш кардаанд, зеро тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ба бархе аз чунин беморон бояд аз ҷониби давлат бепул инсулин дода шавад. Зимни суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон оид ба ин масъала муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимов қайд кард, […]

Аваз Юлдошев



Зимни таҳияи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016 беморони касалӣ (диабет)-и қандро фаромӯш кардаанд, зеро тибқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, ба бархе аз чунин беморон бояд аз ҷониби давлат бепул инсулин дода шавад.

Зимни суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон оид ба ин масъала муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимов қайд кард, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 34 ҳазор нафар афроди гирифтор ба касалии қанд ба қайд гирифта шудааст.

«Аз ин шумор ба ҳудуди 3,5 ҳазор нафарашон бояд бепул инсулин дода шавад, ки маблағаш дар як сол наздики 5 млн. сомониро ташкил медиҳад», – гуфт Олимов.

Далели мазкур боиси норозигиву ошуфтагии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров гардида, ӯ аз Вазорати молия тақозо намуд, ки дар ин самт тадбирҳои таъҷилӣ андешида шавад.

«Таъҷилан тартиб додани рӯйхати беморони ниёзманд ба гирифтани инсулин, аз ин рӯйхат хориҷ кардани афроде, ки ба харидани инсулин аз ҳисоби худ имкон доранд ва дарёфти воситаҳо барои харидории инсулин барои афроди боқимонда зарур аст», – изҳор дошт Зуҳуров.

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён дар ин робита зикр кард, ки масъалаи мазкур дар фурсатҳои наздиктарин ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.