Низомиёни Русия Кӯлобро тарк мекунанд

Чанде аз сокинони Кӯлоб ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки дар бораи аз шаҳр берун баровардани қисмҳои ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба дасташон огоҳинома расидааст. «Шуморо огоҳ мекунем, ки дар робита ба дастури Ҳавзаи марказии низомӣ аз 15 октябри соли 2015, тағйири макони будубоши қисми ҳарбӣ гузаронида мешавад. Тағйири мавзеъ кардани қисми […]

ASIA-Plus



Чанде аз сокинони Кӯлоб ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки дар бораи аз шаҳр берун баровардани қисмҳои ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба дасташон огоҳинома расидааст.

«Шуморо огоҳ мекунем, ки дар робита ба дастури Ҳавзаи марказии низомӣ аз 15 октябри соли 2015, тағйири макони будубоши қисми ҳарбӣ гузаронида мешавад. Тағйири мавзеъ кардани қисми ҳарбӣ бо ба итмом расидани ду моҳ аз замони ба Шумо супурдани огоҳиномаи мазкур сурат мегирад”» – қайд мешавад дар огоҳиномаи ба дасти сокинони шаҳри Кӯлоб расида, ки бо фаъолияти қисми низомии пойгоҳи низомии 201-уми дар шаҳр қарордошта муносибат доранд.

Ин санад тамоми аҳолии шаҳри Кӯлобро ба ҷунбишу изтироб ва ҳаяҷон овард, зеро муддати солҳои тӯлонии будубоши ин воҳиди низомии русиягӣ миёни он ва аҳолӣ робитаҳои зич ба миён омада, тавре маълум шуд, онҳо ин робитаҳоро аз даст доданӣ нестанд.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ва ошкор намудани ҷузъиёти дигари казияи мазкур хабарнигорони «Азия-Плюс» ба шаҳри Кӯлоб раҳсипор шуданд.


Тафсилоти масъала дар шумораи навбатии газетаи «Азия-Плюс» ба нашр мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.