Сафирон ҷонибдори ҳарчи зудтар ҳал шудани баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон



Дар шаҳри Маскав дидору гуфтушуниди сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сафири Қирғизистон дар Русия Болот Ҷунусов баргузор шуд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, зимни мулоқот масоили рӯзмарраи рушди минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.

Ҳарду ҷониб манфиатдории худро ба ҳаллу фасли харчи зудтари масоили баҳсноки сарҳадӣ дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон изҳор намуданд.

Изҳори бовар шуд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мардуми тоҷику қирғиз минбаъд низ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамсоя, ки манфиат ва ҳадафҳои умумӣ доранд, мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ манфиатдории ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва масоили гуманитарӣ таъкид шуда, ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Бишкек ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон

оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо

доир мегардад. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим ва ҷониби Қирғизистонро муовини аввали нахуствазири Қирғизистон Аали Караше намояндагӣ мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное