Гурӯҳи ташаббускори донишҷӯёни Тоҷикистон аз намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Ғарб дархост дорад, ки ба муроҷиатномаҳо оид ба хориҷ кардани мухолифони тоҷик – Муҳиддин Кабирӣ, Додоҷон Атовуллоев ва Абдумалик Абдуллоҷонов аз қаламрави бархе аз ин кишварҳо посух бигӯянд.
Имрӯз панҷ нафар аз аъзои гурӯҳи ташаббускор бо талаби посух ба муроҷиатнома ба унвони парлумони Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Олмон – Донишгоҳи Ҳейделберг дар бораи истирдоди мухолифон ба Душанбе назди бинои сафоратхонаи Олмон ҷамъ омаданд.
Ёдрас мекунем, ки бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 27 октябр ҳамоиши донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт баргузор гардид. Дар ҳамоиш зиёда аз 400 донишҷӯй макотиби олии гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, ба унвони сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳейделберги ин кишвар, Парлумони Аврупо ва сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон муроҷиатнома қабул карданд.
«Ҷинояткороне чун раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, пешвои ҳаракати мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев ва собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов бояд ба ватан баргардонида шуда, мавриди муҷозот қарор гиранд», – чунин мешуморад яке аз дастандаркорони гурӯҳи ташаббускор Аслиддин Хушвахтов, ки имрӯз миёни афроди назди сафоратхонаи Олмон гирдомада ҳузур дошт.
Дар ҳамин ҳол, дар намояндагии дипломатии Олмон дар Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки мактуб ба онҳо нарасидааст, аммо Хушвахтов мегӯяд, мактуб тариқи почтаи тоҷик ҳанӯз санаи 27 октябр ирсол гардида буд.
Баъдан донишҷӯёни фаъол ба назди бинои сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе омаданд, ки яке аз муроҷиатномаҳо ба унвони ин намояндагии дипломатӣ ирсол гардида буд. Дар сафоратхонаи ИМА ба онҳо гуфтаанд, баъди баррасии масъала ба онҳо посух хоҳанд гуфт.
Дар ҳамин ҳол, Хушвахтов изҳор кард, ки рӯзҳои наздик гурӯҳи ташаббускор дар назди бинои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе низ гирдиҳам омаданист, то ки ба масъалаи посух ба муроҷиатнома рӯшанӣ андохта шавад.





