КДАМ 4 узви гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромиллиро ҷустуҷӯ дорад

Кумитаи давлатиии амнияти миллии Тоҷикистон 4 нафар узви гурӯҳи муташаккили қочоқбари нашъаи фаромиллиро, ки ба қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд машғул буданд, мавриди ҷустуҷӯ эълон кард. Дар гузориши телевизионии КДАМ ҶТ шоми рӯзи 18 ноябр тариқи шабакаҳои давлатӣ аз аҳолии кишвар дархост шуд, ки ба боздошти шаҳрвандони ҶТ – Умарбек ва Раҳмонбердӣ Саидовҳо, […]

Аваз Юлдошев



Кумитаи давлатиии амнияти миллии Тоҷикистон 4 нафар узви гурӯҳи муташаккили қочоқбари нашъаи фаромиллиро, ки ба қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд машғул буданд, мавриди ҷустуҷӯ эълон кард.

Дар гузориши телевизионии КДАМ ҶТ шоми рӯзи 18 ноябр тариқи шабакаҳои давлатӣ аз аҳолии кишвар дархост шуд, ки ба боздошти шаҳрвандони ҶТ – Умарбек ва Раҳмонбердӣ Саидовҳо, Фарҳод Поччоев ва Эмомалӣ Гулов мусоидат намоянд.

Баҳром Ҷалолови 38-сола, яке аз боздоштшудагон ба гумони муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, дар гузориши телевизионӣ изҳор намуд, ки ӯ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт боздошт ва дар бағочи автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и мутаалиқ ба ӯ беш аз 40 кило маводи сахттаъсири героин ва 17 дона ҳаб (таблетка)-и «экстази» дарёфт ва мусодира шудааст.

Ҷалолов ҳамчунин зикр кард, ки дар бозори «Далён»-и пойтахт дар борхалтаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки он замон фирор намуда буд, 990 дона ҳабҳои «экстази дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки маводи мухаддири мусодирашуда ба бародарон Умарбек ва Раҳмонбердӣ Саидовҳо – сокинони ноҳияи Ғончӣ тааллуқ доштааст, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз шаҳрвандони Афғонистон боз 100 кило героин ва 50 кило афюн барои интиқоли минбаъда ба Русия ва Қирғизистон харидаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.