Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар метрои Маскав бо изҳои маводи тарканда

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар метрои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуда, зимни азназаргузаронии ӯ дар дастон, борхалта ва сарулибосаш изҳои маводи таркандаро пайдо кардаанд. Бино ба иттилои нашрияи «Взгляд» , сокини 20-солаи Тоҷикистон Фаррух Д. рӯзи сешанбе барои азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо боздошт шуда, санҷиш бо ёрии дастгоҳи «М-ИОН» маводи нитроглитсеринро дар дастон, борхалта ва […]

ASIA-Plus



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар метрои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуда, зимни азназаргузаронии ӯ дар дастон, борхалта ва сарулибосаш изҳои маводи таркандаро пайдо кардаанд.

Бино ба иттилои нашрияи

«Взгляд»

, сокини 20-солаи Тоҷикистон Фаррух Д. рӯзи сешанбе барои азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо боздошт шуда, санҷиш бо ёрии дастгоҳи «М-ИОН» маводи нитроглитсеринро дар дастон, борхалта ва сарулибосаш ошкор намудааст.

Дар ҳамин ҳол, ду рӯз қабл дар истгоҳи «Теплый стан»-и хатти ҳаракати Калуга-Рига сокини 28-солаи Ӯзбекистон Сутон С. дар истгоҳ ба зону нишаста,  бо овози паст зери лаб чизе хондааст, ки ин амал таваҷҷуҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷалб кардааст. Дар ин бора нашрияи  

«Известия»

 бо истинод ба хабаргузории

LifeNews

иттилоъ додааст.

Ин мардро барои санҷиши ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи пулис оварда, хадамоти амнияти метро ӯро бо дастгоҳи «М-ИОН» муоина кардаанд. Дастгоҳи муайянкунандаи мавҷудияти буғҳои маводи тарканда дар дастон ва сарулибоси мард мавҷуд будани гексоген ва тротилро нишон додааст. Аз куҷо пайдо шудани ин маводро мард саҳеҳан шарҳ дода натавониста, иброз доштааст, ки дар сохтмонҳои гуногун кор мекунад ва шояд ҳангоми корҳое, ки гоҳ-гоҳ аз онҳо пул кор мекунад, қисматҳое аз ин маводҳо ба ӯ «олуда шуда бошанд»

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷараён дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.