Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Тоҷикистон вохӯрии олимони Марказ бо намояндагони Донишкадаи таҳқиқоти стратегияҳо оид ба рушди илм ва технологияи Ноҳияи Мухтори Синтзян-Уйғури Чин дар масоили ҳамкории илмӣ доир мегардад. Оғоз соати 16-00; – Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорзанон баргузор мешавад. Оғоз соати 08-00. Дар доираи […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Тоҷикистон вохӯрии олимони Марказ бо намояндагони Донишкадаи таҳқиқоти стратегияҳо оид ба рушди илм ва технологияи Ноҳияи Мухтори Синтзян-Уйғури Чин дар масоили ҳамкории илмӣ доир мегардад. Оғоз соати 16-00;

– Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорзанон баргузор мешавад. Оғоз соати 08-00. Дар доираи кори форум дар ин ҷо намоишгоҳи маҳсулоти соҳибкорони маҳаллӣ ифтитоҳ мегардад. Оғоз соати 08-30;

– Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт намоишгоҳи аксҳои нависандаи тоҷик Аниса Собирӣ баргузор мешавад, ки зимни боздидаш аз манотиқи баландкӯҳи Тоҷикистон аксбардорӣ шудааст

.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.6651

сомонӣ;


1

евро –

7.1270

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.10


63



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




2008

— Нахустин шумораи маҷаллаи «Мигрант. tj» ба табъ расид.


2013

— Эмомалӣ Раҳмон Фармон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ»-ро ба имзо расонид, ки мутобиқи он дар низоми мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия тағйирооти сохторӣ пешбинӣ мешавад.


1908

– Зодрӯзи олими шарқшинос (филолог), академики АИ Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Абдулғанӣ Мирзоев.


1930

– Мавлуди рӯзноманигор Музофир Илолов.


1935-1984

– Зодрӯзи оҳангсоз Саид Ҳамроев.


1938

– Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Музаффар Муҳиддинов.


1938

– Зодрӯзи шоир Бозор Собир.


1946

– Мавлуди мунаққид Абдухолиқ Набиев.


1946-2004

– Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Шокир Мухтор.


1951

– Мавлуди собиқ вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов.


1952

– Зодрӯзи собиқ раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров.


1953-2000

– Мавлуди нависанда ва коргардон Сайф Раҳимзоди Афардӣ.


1953-2001

– Зодрӯзи адабиётшинос Абдуманнон Насриддинов.


1958

– Мавлуди журналист Неъматуллои Нурулло.


1963

– Зодрӯзи оҳангсоз Парвиз Туробӣ.


1965

– Мавлуди овозхон Сабоҳат Наҷмиддинова.


1938

– Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Носирҷон Азизов.


1940-1998

– Мавлуди олим Барот Шокиров.


1942

– Зодрӯзи оҳангсоз Фирӯз Баҳор.


1951

– Мавлуди ҳунарманди театр Сабоҳат Қосимова.


1953

– Зодрӯзи овозхон Фотима Тӯраева.



Вазъи обуҳаво




Дар




вилояти




Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +13+18.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +8+13; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -2+3.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борон меборад.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +15+17.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +16+18.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +9+11.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +8+10.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.