Тӯли 10 моҳ ба буҷет ҳудуди 65 млн. $ камтар маблағ ворид шуд

Тӯли 10 моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 427 млн. сомонӣ (наздики 65 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) камтар маблағ ворид шуд. Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 12 млрд. 147,2 млн. сомонӣ ё худ 96,6% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил додааст. Дар […]

Пайрав Чоршанбиев



Тӯли 10 моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 427 млн. сомонӣ (наздики 65 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) камтар маблағ ворид шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 12 млрд. 147,2 млн. сомонӣ ё худ 96,6% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил додааст.

Дар ин давра ба буҷети давлатӣ тибқи нақша бояд 12 млрд. 574,7 млн. сомонӣ маблағ ворид мегардид.

Аз нақшаи пешбинишуда камтар ворид шудани маблағ ба буҷети давлатиро дар Вазорати молия ба коҳиши ҳаҷми даромадҳо аз боҷи гумрукӣ бар асари босуръат кам шудани воридоти маҳсулот нисбат медиҳанд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми воридоти маҳсулот дар зарфи 10 моҳи соли равон қариб 20% коҳиш ёфта, ҳамагӣ 2 млрд. 773,5 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли гузашта – 3 млрд. 574,7 млн. доллари ИМА)-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз қабл

мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ изҳор доштанд

, ки кам шудани миқдори даромадҳо аз боҷи гумрукиро мақомоти андоз аз ҳисоби дигар маблағҳои аз андоз воридшуда, аз ҷумла ҷаримаҳо барои ҷазоҳои гуногун ҷуброн мекунанд, ки «ҷамъоварии онҳо «начандон бад» аст». «Чунин ҳолат ба шусташавӣ (рахна шудан)-и заминаи андозбандӣ боис мегардад ва он (вазъ) минбаъд ба имконоти ҷамъоварии андозҳо ва пур кардани буҷет таъсир мерасонад», – гуфтанд онҳо.

Қобили зикр аст, ки баҳори соли равон коршиносони созмонҳои байнулмилалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон 

тавсия дода буданд,

 ки нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли ҷорӣ бозбинӣ карда шаванд.

«Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 бо эҳтимоли рушди назарраси иқтисод ва афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҳаҷми 7,2% таҳия гардида, қурби мубодилаи сомонӣ бо доллари ИМА 5 сомонӣ барои 1 доллар пешбинӣ шуда буд. Имрӯз аён аст, ки ин нишондиҳандаҳои пешбинишуда ғайривоқеъӣ мебошанд: рушди иқтисод суст шуда, ахири моҳи апрел қурби мубодилаи сомонӣ/доллар аллакай ба 6,25 сомонӣ/1 доллар расид», –  

зикр гардида буд

 дар «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон»-и Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ).

Баъдтар тобистони соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуда буд, ки нишондиҳандаҳои буҷети Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 

ба бозбинӣ ниёз надоранд.

 «Тибқи мушоҳидаҳову таҳлилҳои мо, дар ин кор алҳол ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад», – гуфта буд вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.