Имрӯз Суди олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ, соҳибкор Зайд Саидовро баррасӣ намуда, ҳукми қаблан содиршударо бетағйир боқӣ гузошт.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар дод, мурофиаи судӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон баргузор шудааст.
Ба гуфтаи наздикони Зайд Саидов, зимни суханронӣ рӯзи панҷшанбе дар мурофиа соҳибкор аз суд дархост намудааст, ки ӯ комилан бегуноҳ эътироф карда шавад, зеро худро айбдор намедонад.
Ёдрас мекунем, ки 11 августи соли равон баррасии парвандаи иқтисодии Зайд Саидов ба итмом расида, ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. Бо назардошти ҳукми пешина, ӯро лозим меояд, ки 29 солро паси панҷара гузаронад. Ҳамаи амволи ӯ ва амволи фарзандонаш мусодира шуданд. Ҳамчунин суд ӯро ба пардохти 34 млн. сомонӣ ҷарима уҳдадор кард.
Ҳукми суд нисбати Зайд Саидов бо айбдорӣ мутобиқи моддаҳои 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 262 (Ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда), 292 (Ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ) ва 250 (Тамаъҷӯӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ содир шуд.
Зайд Саидов барои изофанависии воситаҳои буҷетӣ дар сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» аз ҷониби ширкати сохтмонии «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал», ки муассиси он писараш Хайрулло Саидов аст, ҳамчунин азхудкунии маблағҳо дар сохтмони бинои нави мактаби таҳсилоти умумии №8-и Душанбе, сохтакории ҳуҷҷатҳо, ғайриқонунӣ хусусигардонӣ ва фурӯши иншооти давлатӣ, аз қабили «Тоҷик-Азот», «Гулистон», «Абрешим», «Электроника-М» ва Маркази омӯзишӣ-истеҳсолӣ» маҳкум шуд.
Мурофиаи нахуст оид ба баррасии парвандаи нави «иқтисодӣ»-и Зайд Саидов рӯзи
12 феврали соли равон
пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ ҶТ оғоз гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз санаи 6-уми феврал соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба Суди олии ҶТ муроҷиатнома ирсол намуда,
шарт гузошт
,
ки мурофиаи нави судӣ оид ба баррасии парвандаи ӯ бояд ба таври кушода ҷараён гирад.
Қобили зикр аст, ки
айбдоркунандаи давлатӣ дар ин парванда аз суд дархост намуд
, ки Зайд Саидов боз ба 25 соли дигари зиндон ва пардохти ҷарима ба маблағи 34 млн. сомонӣ ва ҳамчунин мусодираи тамоми амволаш маҳкум карда шавад.
Рӯзи 4 июн дар мурофиаи додгоҳии парвандаи соҳибкор Зайд Саидов, собиқ вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва собиқ муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ ва ҳамчунин собиқ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Матлубхон Давлатов
ба сифати шоҳидон баёнот доданд.
Зимни
як суханронӣ
дар мурофиаи додгоҳӣ Зайд Саидов изҳор намуда буд, ки ин мурофиа идомаи мантиқии айбномаҳои аввал аст. «Гуноҳи ман ин аст, ки тоҷик зода шудааму тоҷири муваффақ будам», – иброз дошта буд соҳибкор.
Хотиррасон мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.



