Сафири тозатаъини Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бираҷа Прасад ахири ҳафтаи сипаришуда нусхаҳои Эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар суҳбате, ки пас аз маросими супоридани нусхаҳои Эътимоднома баргузор шуд, ҷонибҳо перомуни ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон, бахусус роҳҳои татбиқи амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду кишвар, ки моҳи июли соли 2015 дар Душанбе сурат гирифт, табодули назар карда, Сироҷиддин Аслов изҳори умед намуд, ки сафири нави Ҳиндустон ҷиҳати рушди беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Гуфта мешавад, сафир Бираҷа Прасад бар ҷойгоҳи хосси Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии кишвараш таъкид намуда, изҳор дошт, ки тамоми кӯшиши худро барои рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва муносибатҳои шарикии Ҳиндустон ва Тоҷикистон равона хоҳад кард.



