«Равшан» ба медалҳои биринҷии чемпионат соҳиб шуд

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба медалҳои биринҷии мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат соҳиб шуд. Дар даври охири мусобиқа дастаи «Равшан» дар майдони худ тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дода, мақоми сеюмро касб намуд. Ёдрас мекунем, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз муҳлат ба унвони қаҳрамони мусобиқи Лигаи олии футболли Тоҷикистон дар […]

ASIA-Plus



Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба медалҳои биринҷии мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат соҳиб шуд.

Дар даври охири мусобиқа дастаи «Равшан» дар майдони худ тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дода, мақоми сеюмро касб намуд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз муҳлат ба унвони қаҳрамони мусобиқи Лигаи олии футболли Тоҷикистон дар соли равон ноил гардида, дар даври охир дар майдони худ ба дорандаи медалҳои нукраи чемпионати имсола – тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 7 бар 1 дастболо шуд.

Бозиҳои боқимондаи даври охири мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон-2015 бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфтанд: «Барқи тоҷик» – «Далерон-Ӯротеппа» – 3:1; «Парвоз» – «Вахш» – 2:1 ва КМВА «Помир» – «Хайр» – 3:1.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.