Таҳияи лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи сармоягузорӣ»

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров баррасии тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи мубориза бо тероризм», «Дар бораи Қушӯнҳои дохилии ВКД Тоҷикистон» ва «Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона» дар назар аст. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров баррасии тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи мубориза бо тероризм», «Дар бораи Қушӯнҳои дохилии ВКД Тоҷикистон» ва «Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона» дар назар аст.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи сармоягузорӣ» низ баррасӣ мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масоили марбут ба тасдиқи Созишнома миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба пешниҳоди грант ба лоиҳаи «Коҳиши талафоти нерӯи барқ дар вилояти Суғд» ва Созишнома миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагӣ ба «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» низ баррасӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.