«Равшан» ба медалҳои биринҷии чемпионат соҳиб шуд



Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба медалҳои биринҷии мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат соҳиб шуд.

Дар даври охири мусобиқа дастаи «Равшан» дар майдони худ тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дода, мақоми сеюмро касб намуд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз муҳлат ба унвони қаҳрамони мусобиқи Лигаи олии футболли Тоҷикистон дар соли равон ноил гардида, дар даври охир дар майдони худ ба дорандаи медалҳои нукраи чемпионати имсола – тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 7 бар 1 дастболо шуд.

Бозиҳои боқимондаи даври охири мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон-2015 бо чунин натиҷаҳо анҷом ёфтанд: «Барқи тоҷик» – «Далерон-Ӯротеппа» – 3:1; «Парвоз» – «Вахш» – 2:1 ва КМВА «Помир» – «Хайр» – 3:1.

spot_imgspot_img

Популярное