Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров баррасии тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи мубориза бо тероризм», «Дар бораи Қушӯнҳои дохилии ВКД Тоҷикистон» ва «Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккилона» дар назар аст.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи сармоягузорӣ» низ баррасӣ мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масоили марбут ба тасдиқи Созишнома миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба пешниҳоди грант ба лоиҳаи «Коҳиши талафоти нерӯи барқ дар вилояти Суғд» ва Созишнома миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд оид ба маблағгузории иловагӣ ба «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе» низ баррасӣ мешавад.



