Баҳром Холназаров, домоди бародари президенти Тоҷикистон ва собиқ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон бори дигар ба мансаби сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои хории ҷумҳурӣ хабар дод.
Ин мансабро Баҳром Холназаров то соли 2007, пеш аз таъин шуданаш ба ҳайси сафир ба Қазоқистон ишғол мекард.
Аз соли 2007 ин вазифаро духтари президент Озода Эмомалӣ ишғол намуда, соли 2009 муовини вазири корҳои хориҷӣ ва соли 2013 муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҶТ таъин шуд.
Баъдан Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари раиси Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ин вазифа таъин шуда, баъдтар ба мансаби сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалии ВКХ Тоҷикистон гузаронида шуд.
Сипас Манучеҳр Маҳмудзода, писари собиқ раиси Суди конститутсионӣ Маҳкамбой Маҳмудов ба ин курсӣ нишаст, ки айни замон Раёсати муносибатҳои байнулмилалии Прокуратураи генералии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад.
Моҳи апрели соли 2015 Ҷамшед Каримов ба ин мансаб таъин шуда, вале сипас ба вазифаи муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.
То рӯзҳои ахир курсии сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон холӣ буд.



