Тағйири навбатии номи кӯчаву хиёбонҳои Душанбе



Бо қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи навбатии чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум санаи 24 декабр доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар иҷлосия ҳисоботи раиси шаҳр «Дар бораи иҷрои барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе давоми 11 моҳи соли равон, нақшаҳои рушди шаҳр, буҷети пойтахт ва вазифаҳои ҳукумати пойтахт барои соли 2016» шунида мешавад.

Дар иҷлосия ҳамчунин масоили марбут ба табдили номи як қатор кӯчаву хиёбон ва майдону боғҳо, ҳамчунин тасдиқи қарорҳои қаблан қабулшудаи раиси шаҳр низ баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки барои омодагӣ ба баргузории иҷлосия таҳти раҳбарии муовини аввали раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, қабл аз иҷлосия вакилони маҷлиси пойтахт бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд.

 

spot_imgspot_img

Популярное