Ишораи президент ба камбудиҳо зимни амалиёт алайҳи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим

Нимаи дуюми рӯзи 23 ноябр таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои доимӣ, аъзои Шӯрои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону шахсони масъули дигар вазорату идораҳои кишвар доир ба баррасии ҳисоботи Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба сабаб […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 23 ноябр таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои доимӣ, аъзои Шӯрои амният, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону шахсони масъули дигар вазорату идораҳои кишвар доир ба баррасии ҳисоботи Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба сабаб ва омилҳои ба кӯшиши табаддулоти давлатии оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ мусоидаткарда, инчунин вазъи мубориза бо терроризму экстремизм ва тадбирҳои минбаъда дар самти таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва тақвияти суботу оромӣ дар кишвар ҷаласаи Шӯрои амният баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа доир ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин масъалаи амалиёти зиддитеррористии рӯзҳои 4 – 16 сентябри соли ҷорӣ суратгирифта доир ба несту нобуд кардани гурӯҳи террористӣ, ки ҳадафи ноором сохтани суботу оромии мардум ва халалдор сохтани амнияти мамлакатро дошт, ибрози назар намуда, мавҷудияти як силсила камбудиву норасоиҳоро дар самтҳои зикршуда таъкид карданд.

 Дар ҷаласаи Шӯрои амният ҳамчунин ҳисоботи вазирони мудофиа ва корҳои дохилӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шунида шуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои амният роҳбарони сохторҳои низомӣ ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифадор карда шуданд, ки камбудиҳои дар фаъолияти худ ҷойдоштаро дар муҳлати кутоҳтарин бартараф карда, бо дарназардошти вазъи мураккаб ва босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва авзои ноороми минтақа барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти давлат ва сокинони мамлакат, суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандони кишвар, инчунин ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳи малакаву таҷриба ва касбияти ҳайати шахсӣ, омодабошии ҷангӣ, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ дар сафҳои сохтору мақомот чораҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам гузориш пешниҳод намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.