Тағйири навбатии номи кӯчаву хиёбонҳои Душанбе

Бо қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи навбатии чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум санаи 24 декабр доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар иҷлосия ҳисоботи раиси шаҳр «Дар бораи иҷрои барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе давоми 11 моҳи соли равон, нақшаҳои рушди […]

Аваз Юлдошев



Бо қарори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи навбатии чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум санаи 24 декабр доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, дар иҷлосия ҳисоботи раиси шаҳр «Дар бораи иҷрои барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе давоми 11 моҳи соли равон, нақшаҳои рушди шаҳр, буҷети пойтахт ва вазифаҳои ҳукумати пойтахт барои соли 2016» шунида мешавад.

Дар иҷлосия ҳамчунин масоили марбут ба табдили номи як қатор кӯчаву хиёбон ва майдону боғҳо, ҳамчунин тасдиқи қарорҳои қаблан қабулшудаи раиси шаҳр низ баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки барои омодагӣ ба баргузории иҷлосия таҳти раҳбарии муовини аввали раиси пойтахт Ашӯрбек Расулов гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, қабл аз иҷлосия вакилони маҷлиси пойтахт бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.