Путин ва Олланд ҳамоҳангсозии мубориза бо терроризмро баррасӣ мекунанд



Президенти Русия Владимир Путин бо президенти Фаронса Франсуа Олланд, ки  бо сафари корӣ ба шаҳри Маскав меояд, дидору гуфтушунид мекунад.

Бино ба иттилои хабаргузории

РИА Новости

бо истинод ба хадамоти матбуоти Кремл, зимни гуфтушунид сарони ҳарду кишвар масоили муқовимат ба хатари террористӣ бо шумули ҳамоҳангсозии мубориза бо гурӯҳи Давлати исломӣ ва ҳамчунин як қатор масоили дигари муҳими байнулмилалиро баррасӣ ва атрофи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба табодули назар мекунанд.

Гуфта мешавад, Путин ва Олланд санаи 17 ноябр дарҳол баъди амалҳои террористӣ дар Париж оид ба баргузории гуфтушуниди дуҷониба ба мувофиқа расида буданд. Зимни гуфтугӯи телефонӣ онҳо ҳамчунин масоили ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо терроризмро баррасӣ карда, тасмим гирифта буданд, ки дар ҷараёни амалиёт алайҳи террористон дар Сурия, миёни мақомоти низомӣ ва хадамоти махсуси ҳарду кишвар робитаи зич барқарор намуда, амалҳояшонро ҳамоҳанг месозанд.

spot_imgspot_img

Популярное