Боздошти се зани музофотӣ барои дуздӣ дар бозори «Корвон»

Се нафар занон, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Суғд барои дуздии пулу амволи сокини пойтахт боздошт шуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18 ноябр дар бозори «Корвон» шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёнаш, ки дар дохили он 600 […]

ASIA-Plus



Се нафар занон, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Суғд барои дуздии пулу амволи сокини пойтахт боздошт шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18 ноябр дар бозори «Корвон» шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёнаш, ки дар дохили он 600 доллари амрикоӣ, 500 сомонӣ ва 3-адад телефонҳои мобилӣ буд, ҷамъ ба маблағи умумии 6 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавондухтари 19-сола, зани 33-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 29-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони даст доштан дар ҷиноятӣ дуздӣ дастгир намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?