Суғд: Ҳалокати 3 ҷавони 20-сола дар як садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд 3 нафар ҷавонони 20-солаи шахри Хуҷанд ба ҳалокат расиданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, рӯзи 25 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ҷавони 20-сола, донишҷуи бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти […]

ASIA-Plus



Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд 3 нафар ҷавонони 20-солаи шахри Хуҷанд ба ҳалокат расиданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, рӯзи 25 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ҷавони 20-сола, донишҷуи бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи вилояти Суғд бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “КИА-Спортеж”, таҳти идораи ронанда, марди 42-солаи сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мусофирони автомашинаи “Опел-Вектра”, се ҷавони 20-сола, яке донишҷуӣ бахши 3-юми Донишгоҳи олии Русия дар Қирғизистон, дигараш донишҷуӣ бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ-бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва сеюмӣ бекор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мусофирони дигари автомашинаҳои мазкур ҷавонони 20-сола,  яке сокини шаҳри Хуҷанд ва дигарӣ сокини шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.