Ҳавопаймоҳои зарбазани Федератсияи Русия боз чанд мавқеи террористонро дар Сурия ҳадаф қарор дода, дар пайи зарбаҳои ҳавоӣ 32 ҷангии гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» (ДИ) ба ҳалокат расид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи
телевизиони «Ҷаҳоннамо»
бо истинод ба шабакаи «Пресс Ти-Ви», зарбаҳои ҳавоӣ ба минтақаи Эриҳаи Сурия зада шудаанд.
Гуфта мешавад, артиши Сурия бо дастгирии нерӯҳои ҳавоии Русия тайи 2 моҳ мешавад, ки дар шаҳру вилоятҳои Ҳалаб, Идлиб, Латакия, Дейр-эз-Зор ва чанд минтақаи дигар бар зидди гурӯҳҳои тундрав муборизаи шадид мебарад.
Зимнан зикр мегардад, ки зарбаҳои ҳавоии Русия ба сохторҳои қудратии Сурия имкон додаанд, ки то чанд минтақаро аз тасарруфи ҷангиён раҳо ва онҳоро маҷбур ба ақибнишинӣ намоянд.





