Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз дар бораи ба рӯзномаи ҷаласаи палатаи поёнии парлумон, ки санаи 9 декабр доир мегардад, ворид кардани масъалаи баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қарор қабул кард.
Бино ба иттилои
сомонаи расмии МНМО ҶТ
, лоиҳаи қонуни мазкурро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода баррасӣ намуда, иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи гуруҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дархосту пешниҳоди мардуми кишвар ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ, муттаҳидии халқ атрофии ғояҳои созандаю бунёдкорона, таҳкими сохтори конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Конуни ҶТ ««Дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», тағйироту иловаҳо ба қонунҳо ««Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани IMG_4038гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи иҷораи молиявӣ» ва «Дар бораи хизмати давлатӣ» низ баррасӣ шуданд.



