Хатарҳои Давлати исломӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

Алексей Подберезкин, Директори Маркази таҳқиқоти ҳарбӣ сиёсии МГИМО гуфтааст, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки нерӯҳои ДОИШ (созмони мамнуъ дар Тоҷикистон) аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд. Хабаргузории TojNews дар ин робита менависад, ӯ дар суҳбат бо телевизиони LifeNews аз хатарҳои ин гурӯҳи террористӣ ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон сухан карда, изҳор намудааст, ки  […]

TojNews



Алексей Подберезкин, Директори Маркази таҳқиқоти ҳарбӣ сиёсии МГИМО гуфтааст, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки нерӯҳои ДОИШ (созмони мамнуъ дар Тоҷикистон) аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд.

Хабаргузории

TojNews

дар ин робита менависад, ӯ дар суҳбат бо телевизиони LifeNews аз хатарҳои ин гурӯҳи террористӣ ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон сухан карда, изҳор намудааст, ки  “Афғонистон кишваре хоҳад буд, ки ДОИШ онро барои интиқоли нерӯ истифода мебарад ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ майдони нави ҳарбу зарби ин гуруҳи террористӣ хоҳанд буд. Ин метавонад ба кишварҳои дигар ва бо суръати хеле зуд гузарад”.

“Эҳтимоли он зиёд аст, ки ДОИШ ба самти Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳаракат кунад. Ман фикр мекунам, ки он ҷо аллакай лагерҳои ҷалби мардум вуҷуд доранд. Ман дар ин бора борҳо гуфтаам. Роҳбарони сиёсии мо маҳз ҳаминро дар назар доштанд вақте мегуфтанд, ки дар Сурия ҷангида мо манфиатҳои миллии худро ҳимоя мекунем ва созмонҳои террористиро, ки ба давлат табдил шудааст, нобуд месозем. ДОИШ ин дар қадами аввал ғояи адолати иҷтимоӣ тибқи қонунҳои ислом аст ва дуюм ин пул аст, сарват аст. Агар бо ин мубориза набарем, пас онҳо дар воқеъ рушд меёбанд ва ба пеш ҳаракат мекунанд”, -иброз доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, ин барои аввалин бор нест, ки аз омодагии ДОИШ барои бесуботгардонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳарф зада мешавад. Дар гузашта низ на танҳо таҳлилгарони низомӣ, балки масъулини вазоратҳои қудратии Русия борҳо аз хатари фазоянда аз сӯйи “Давлати исломӣ” ҳушдор додаанд.

Аммо ин коршинос аз хатари ДОИШ ба дигар кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон ба мисли Туркманистону Ӯзбакистон сухан накардааст.

Дар ҳамин ҳол “The Times”, нашрияи бритониёӣ хабар додааст, ки ҷангиёни ДОИШ дар қисмати ҷанубии вилояти Ҷалолободи Афғонистон қисмате аз чаҳор вулусволиро зери тасарруфи худ даровардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.